23:39 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
37703

Диаспораи рус яке аз диаспораи калонтарони Ӯзбекастонро ташкил мекунад ва шумораи он қариб як миллион нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.Ба гуфтаи сафири ФР дар Ӯзбакистон, диаспораи рус дар Ӯзбакистон аз русҳо, тоторҳо, башқирҳо, тоторҳои қримӣ иборат аст.

Сафири ФР дар Ӯзбакистон ёдовар мешавад, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 35 ташкилоти Русия фаъолият мекунад, ки дӯстии байни рус ва ӯзбекҳоро тақвият мебахшад.

Соли 2017 ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Русия ва Ӯзбакистон 25 сол мешавад.

Ҷашнвораи атлас дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ёдовар мешавем, ки дар  ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Ӯзбакитстон тибқи маълумотҳои расмӣ  қариб 1,5 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд.

Аслан маълумот дар бораи шумораи тоҷикон дар ин кишвар гуногун аст. Зеро аз даврони шӯровӣ ӯзбекнависии тоҷикон дар шиносномаҳо дида мешуд.

Баробари ин дар кишвар расонаҳои тоҷикӣ ва мактабҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамин тавр дар Ӯзбакистон 256 муассисаи таҳсилоти миёнаи тоҷикӣ (тибқи маълумоти соли 2010- идора) фаъолият мекунанд.

Қисми зиёди аҳолии тоҷикзабон дар Ӯзбакистон ба вилояти Сурхандарёи ин ҷумҳурӣ рост меояд, ки дар он 234 ҳазор нафар тоҷик зиндагӣ мекунад. Ғайр аз ин минтақаҳои  тоҷикнишини Ӯзбакистон — Бухоро, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Тошкент, Андиҷон ба ҳисоб мераванд.

Барчаспҳо:
диаспораҳои Ӯзбкистон, ӯзбекон, русҳо, тоҷикон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ