Ӯзбакистон ба зодрӯзи Ислом Каримов омодагӣ мебинад

© AFP 2023 / PRAKASH SINGHИслом Каримов, акс аз бойгонӣ
Ислом Каримов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
30-уми январи ҳамин сол агар Ислом Каримов дар қайди ҳаёт мешуд, ба синни 79 қадам мезад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар тамоми минтақаҳои Ӯзбакистон ба зодрӯзи президенти марҳум  Ислом Каримов омодагӣ мебинанд, ки санаи 30-уми январ ҷашн хоҳанд гирифт, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбакистон.

Ислом Каримов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримовро дар Ӯзбакистон аз ҳама бештар хонданд

Дар муассисаҳои таҳсилотӣ, қисмҳои ҳарбӣ, коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳо бахшида ба гиромидошти аввалин президентӣ Ӯзбакистон сар шуданд.

Дар ташкил намудани чорабиниҳо намояндагони давлатҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимон ва шоирон ширкат меварзанд.

Ғайр аз ин дар шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд ба Ислом Каримов муҷассама гузошта мешавад.

Ислом Каримов Абдуғаниевич санаи 30-уми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Санаи 24-уми марти соли 1990 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбакистон вай ба ҳайси президенти ҶШС Ӯзбакистон интихоб гардид, санаи 29-уми декабри соли 1991 бошад дар интихоботи умумихалқӣ президенти Ӯзбакистони мустақил интихоб гардид. Вай 25 сол президенти ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Аввалин президенти Ӯзбакистон 2-уми сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ аз бемории сактаи майнаи сар вафот кард.

Ҳоло президенти ҶӮ собиқ сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0