12:32 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Владимир Путин рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Григорий Сысоев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
57210

Чуноне ки муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов изҳор дошт, Владимир Путин шояд дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон сафар кунад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.Президенти Русия шояд дар вақтҳои наздик ба Тоҷикистон сафар кунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов Путин ба Тоҷикистон шояд ҳафтаҳои наздик  ташриф оварад.

Ҳоло Шувалов дар Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодиву тиҷорӣ зиёда аз 20 масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад.

"Ман изҳори умедворӣ мекунам, ки вохӯрии имрӯза самарабахш хоҳад шуд. Изҳори умедворӣ мекунам, ки ҳуҷҷатҳое барои ҳар ду кишвар муҳим  ба имзо мерасанд ва масъалаҳои баҳснок ҳали худро пайдо мекунанд",- изҳор дошт Игор Шувалов дар ифтитоҳи иҷлосия.

Интизор меравад, ки Шувалов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон во мехӯрад.

Мавзуҳо:
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Владимир Путин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ