Песков дар бораи вохӯрии Путин ва Мирзиёев хабар дод

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКотиби матбуоти президенти Русия дмитрий Песков, акс аз бойгонӣ
Котиби матбуоти президенти Русия дмитрий Песков, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти гуфтушунид президентон масоили энергетика, ирсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории ҳарбиву техникӣ ва муҳоҷират сӯҳбат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин ба наздикӣ- дар байни 2-3 моҳ дар Маскав бо президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев вохӯрӣ баргузор мекунад, хабар дод котиби матбуоти президент Дмитрий Песков.

Президенти Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Путин президенти тозаинтихоб Шавкат Мирзиёевро муборакбод намуд

Қайд карда мешавад, ки раисҷумҳури Ӯзбакистон барои баррасии масоили ба  роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ва бекор карадни боҷи найфти Русия меояд.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин моҳи феврали ҳамин сол ба Тоҷикистон низ ташриф хоҳад оварад. Дар ин бора Игор Шуволов муовини аввали сарвазири Русия ҳангоми боздиди худ аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Чуноне ки коршинос Андрей Грозин коршиноси минтақаҳои  Осиёи Миёна мегӯяд, Владимир Путин якбора ба якчанд ҷумҳуриҳои минтақаъ ҳузур меорад.

Ҳамин тавр ба гуфтаи Грозин президенти Русия ба сарони кишварҳои Осиёи Миёна барои ҳалли мушкилиҳои минтақавӣ, аз ҷумла масъалаи об кӯмак мекунад.

Лентаи хабарҳо
0