Куртов: ҳалли масоили марзӣ барои Тоҷикистон ва ҶУ душвор хоҳад буд

Обуна шудан
Коршинос гуфт, ки зимни тақсимоти марзӣ Тоҷикистон бо Узбакистон ба душвориҳо дучор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳафтаи гузашта гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои аломатгузории сарҳади ду кишварро муҳокима карданд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, барои Тоҷикистон мушкилоти дараҷаи як тақсимоти марзӣ бо Узбакистон боқӣ мемонад.

"Дар ин минтақа замин барои коркард ва об барои обёрии замин намерасад. Аҳолӣ хеле зич дар деҳаҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд",-гуфт Аджар Куртов коршиноси донишгоҳи тадқиқотии Русия оид ба ИДМ дар сӯҳбат бо Sputnik  Тоҷикистон.

Сарҳадбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мина, роҳ, баҳс бо Узбакистон ва дигар мушкилоти сарҳадӣ

Барои ҳамин ман фирк мекунам, ки Узбакистон мавқеи худро аз даст нахоҳад дод, чун ҳама гуна созиши сарҳадӣ боиси паст шудани ифтихори миллиии узбекон мегардад, илова кард коршинос.

Ӯ мегӯяд, ки гунаҳкор кардани ИҶШС дар вазъияти кунунӣ аз ҷониби бархе аз кооршиносон нодуруст аст. Куртов бар он аст, ки барои гузаронидани тақсимоти пурра бояд дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ,деҳаҳои алоҳида кӯчонида меуданд, ин амал бошад ба принсипи байналмиллалии ИҶШС мувофиқат намекард.

Лентаи хабарҳо
0