03:00 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Корманди хадамоти наздисарҳадии Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон мехоҳад низоҳои сарҳадиро бартараф кунад

© Фото: Официальный сайт пограничной службы КР
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
18611

Роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадии ду ҷумҳурӣ қарор қабул кард, ки ҷавононро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ борои иштирок ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб кунад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Фармондеҳони хадамотҳои давлатии наздисарҳадии Тоҷикиситон ва Қирғизистон вазъияти сарҳадро баррасӣ карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар рафти вохӯрӣ полковник Мирбек Қосимқулов ва генерал — лейтинант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ чораҳои пешгирикунандаи низоъҳои сарҳадиро андешиданд.

Роҳбарияти хадамоти наздисарҳадӣ мехоҳанд нақшаи амалҳои якҷояи пешгирикунандаи низоъҳоро санҷида, тасдиқ кунанд.

"Мақомотҳои маҳаллӣ байни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ оид ба ҳалли масоили таъмини об, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳо фаъолияташро ҷоннок мекунанд",- омадааст дар хабар.

Сарҳадчиён ҳамчунин қарор қабул карданд, ки дар байни ҷавонони минтақаҳои наздисараҳдӣ  чорабиниҳои фарҳангиву варзиши баргузор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи январ задухурди сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба низои калон табдил ёфт, ки дар рафти он шаҳрвандони Қирғизистон се нафар тоҷикро сангборон карданд. Дар ин ҳодиса кормандони полис низ, зарар бардоштанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳодиса барои амалҳои иғвогаронааш вакили шӯрои маҳаллии қишлоқи Кӯктоши ноҳияи Боткент Розия Усароваро гунаҳкор намуд.

Дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қариб 1000 километрро тпшкил мекунад.

Дар се соли ахир дар сарҳади ду кишвар аз сабаби нишонагузорӣ нашудани қисми зиёди масоҳати сарҳад якчанд ҳодиса бо истифодаи яроқ ба амал омадааст.

Мавзуъ

Мина, роҳ, баҳс бо Узбакистон ва дигар мушкилоти сарҳадӣ
Барчаспҳо:
чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, пешгирӣ, низоъ дар сарҳад, Сарҳадчиён, Тоҷикистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ