16:37 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Қасри президентии Огузхан дар Ашқобод, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон интихоботи президентии Трукманистонро нозирӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Ба ҳайати нозирон 73 нафар иҷозат гирифтаанд, ки онҳо Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русияро намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Интихоботи президентӣ  дар Тукманистон  якшанбеи оянда баргузор мешавад. Дар кишвар ба мансаби президентӣ 9 нафар номзад "мубориза" мебаранд, ки яке аз онҳо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов — раисҷумҳури кунунии Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Ҳайати нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Туркманистон  аз санаи 25-уми январ ба мониторинги маъракаи интихоботӣ дар кишвар сар карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба ҳайати нозирон 73 нафар  иҷозат гирифтаанд, ки онҳо  Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русияро намояндагӣ мекунанд.

Нозирони ИДМ рафти интихоботи Туркманистонро "дар фазои озод, рақобати соф ва дар сатҳи олӣ ташкилшуда" баҳодиҳӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Сарқонуни тозаи Туркманситон, ки сани 14-уми сентябри соли 2016 қабул  шудааст, мӯҳлати ваколати президент аз 5 то 7сол боло рафта, маҳдудияти синну солии баъди 70-солагӣ   бардошта шуд.

Қонуни асосии кишвар талаботҳои асосиро барои номзад ба курсии президкентӣ пешниҳод мекунад: шаҳрванд бояд дар Туркманистон таваллуд ёфта, синнаш ба 40 расида бошад, забони давлатиро донад ва дар давоми 15-соли охир доимӣ дар Туркманистон зиндагӣ ва фаъолият дошта бошад.

Барчаспҳо:
нозир, интихобот, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ