Мирзиёев табибони бурунмарзиро ба Ӯзбакистон даъват мекунад

© SputnikШавкат Мирзиеев, акс аз бойгонӣ
Шавкат Мирзиеев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев пештар изҳор дошта буд, ки барои бар гардонидани табибони касбии ватанӣ ба Ӯзбакистон имтиёзҳои ҷолиб пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Вазорати тандурустии Ӯзбакистон ба табибони ватание, ки дар хориҷ фаъолият мекунанду хоҳиши ба ватан бар гаштанро доранд, якчанд имтиёзҳоро пешниҳод намуд, хабар медиҳад gazeta.uz.

"Вазорати тандурустӣ бо дастури президент барои бар гардонидани табибоне, ки дар хориҷ фаъолият доранд, чораҳо меандешад",- мегӯяд муовини аввали вазири тандурустии ҶӮ Адҳам Икромов.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев ба фарҳангиёни тоҷик орден ва медал тақдим кард

Вай қайд кард, ки  ба табибон имтиёзҳои зиёд пешниҳод карда мешавад- хона, маоши хуб, ҷойи кори арзанда ва ғайраҳо. "Аммо ин имтиёзҳо танҳо барои мутахасисони соҳавӣ дода мешавад", илова намуд вай.

Чуноне ки Икромов қайд намуд, барои бар гардонидан ба ватан вазорат аллакай бо мутахассисони соҳа — ҷарроҳ, нейроҷарроҳ, ортопед, шикастабанд, ва ҷарроҳи ҷигар сӯҳбат кардаст.

"Даҳ понздаҳ нафари онҳо розӣ шуданд, ки ба ватан дар давоми ҳамин сол бар гарданд",- мегӯяд намояндаи вазорати тандурустӣ.

Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев пештар изҳор дошта буд, ки барои бар гардонидани табибони касбии ватанӣ ба Ӯзбакистон имтиёзҳои ҷолиб пешниҳод карда шавад.

Коршиносон қайд мекунанд, ки надики 3 миллион нафар (қариб аз се як ҳиссаиаҳолии Ӯзбакистон- идора) дар хориҷ фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0