02:17 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сарони кишварҳои аъзои ИДМ

ИДМ гурӯҳҳои байналмиллалии тафтишоти фаврӣ ташкил мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
3911

Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шартномаи амалиёти якҷояи гурӯҳҳои фаврии тафтишотиро дар кишварҳои ИДМ ба тавсиб расонид

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Думаи давлатии Русия шарномаи ташкил намудани гурӯҳҳои якҷояи фаврии тафтишотиро дар ИДМ ба тавсиб расонд.

Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирӯғизистон ва Тоҷикистон шартномаи мазкурро санаи 16-уми октябри соли 2015 дар иҷлосияи Шӯрои сарони  кишварҳои аъзои ИДМ ба имзо расонида буданд.

Созишнома муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ-ро оид ба масъалаҳои ташкил додани гурӯҳҳои муштараки фавриву тафтишотӣ дар ҳудуди ин кишварҳо барои тафтишот ва баррасии ҷиноятҳои муштарак ба танзим медарорад.

Бояд қайд кард, ки Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон аллакй онро ба тавсиб дароварданд. Тоҷикистон ва Арманистон низ оид ба тавсиб даровардани созишномаи мазкур омодагӣ мебинанд.

Мувофиқи созишнома, тарафҳо ба якдигар кӯмакҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ бо роҳи ташкил намудани фаъолияти гурӯҳҳои тафтишотиву фаврӣ кумак мерасонанд.

Барчаспҳо:
гурӯҳи фаврӣ, мубориза, ҷиноят, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ