13:37 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
18201

Дар бинои ташкилоти минтақавии "Нур"-и шаҳри Маскав, байни 60 нафар намояндагони миллатҳои гуногун мусобиқаи шоҳмот гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сабқати байналмиллалӣ ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия бахшида шуд.

Мусобиқаи шоҳмот бо ибтикори ташкилоти ҷамъияти "Нур" ва дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия, Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Сафири мухтор ва фавқуллодаи Тоҷикистон Имомуддин Сатторов, раиси ташкилоти ҷамъиятӣ ва минтақавии "Нур" Алимамад Боймамадов ва президенти федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов қайд кад, ки "баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун боиси якдигарфаҳмии байни халқҳо мегардад ва алоқаи байни миллатҳои мухталифро пурзӯртар мегардонад".

Дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгар, намояндагони кишварҳои мухталиф аз қабили Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Узбакистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бахшида ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия дар соли равон баргузории дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Сабқат байни мардон ва занон сурат гирифта, ҳамаи ғолибон бо дипломҳо ва медалҳо қадрдонӣ шуданд.

  • Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
    Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
    © Фото : Посольство РТ в РФ
  • Сафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот
    Сафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот
    © Фото : Посольство РТ в РФ
  • Ғолибони сабқати шоҳмот дар Маскав
    Ғолибони сабқати шоҳмот дар Маскав
    © Фото : Посольство РТ
  • Мусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд
    Мусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд
    © Фото : Посольство РТ в РФ
1 / 4
© Фото : Посольство РТ в РФ
Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав

Мавзуъ

Аз шоҳмот то мошин: намоиши "Корвони Покистон" дар Душанбе
Барчаспҳо:
шоҳмот, ташкилоти "Нур", Имомуддин Сатторов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ