01:12 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
5501

Мувофиқи қарори президенти Ӯзбакистон барномаи рушди ноҳияи Муйнаки Қароқалпоқистон қабул гашт, ки дар ҳудуди он дарёи Арал ҷойгир шудаст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев фармон додааст, ки дар ҳудуди баҳри Арал соҳаи туризм рушд дода шавад, омадаст дар хабари хадамоти матбуоти Вазорати меҳнати кишвар.

Мувофиқи қарори Мирзиёев дар ноҳияи Муйнаки Қарақалпоқистон ба солҳои 2017-2018 барномаи рушд қабул гардидааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат дар ин минтақаъ асосан соҳаи туризм рушд бахшида хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҷо маҷмаи савдо ва сайёҳӣ бунёд мегардад, ки дар он ба сайёҳон хизматрасониҳои табобатӣ ва дамгирӣ пешниҳод карда мешавад.

Мувофиқи барнома ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки фестивалҳои гуногун гузаронида шавад.

Баҳри Арал дар ҳудуди сарҳади Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҷойгир шудааст. Соли 1960 4-умин калонтарин баҳри дунё дониста шудааст.

Аммо солҳои охир ҳудуди баҳр ду маротиба кам шуда, оби он то 18 метр паст шуд.Ҳаҷми об5 маротиба кам шуда, моҳӣ аз дарё нест шуд.

Моҳи январи соли 1993 Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон Фонди байналмиллалии наҷоти Аралро ташкил карданд.

Барчаспҳо:
табобат ва истироҳат, туризм, баҳри Арал, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ