Таъсиси "Футбол ТВ" дар Узбакистон

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ФФТТелевизиони "Футбол"-и Тоыикикстон. Акс аз бойгонӣ
Телевизиони Футбол-и Тоыикикстон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун дӯстдорони ни навъи варзиш 12 соат дар як шабонарӯз метавонанд аз тамошои бозиҳои футбол ҳаловат баранд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон шабакаи варзишии "Футбол ТВ"-ро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилоъи Sputnik Узбакистон дар ҳоли ҳозир шабака дар шакли санҷишӣ фаъолият мекунад.

Қайд мешавад, ки акнун ҳамарӯза аз соати 14.00 то 3-и шаб бо вақти маҳаллӣ ҳаводорони ни навъи варзиш метавонанд бозиҳои футболро тариқи ин шабака тамошо кунанд.

Раҳмон ТВ “Варзиш” ва “Синамо”-ро ба кор даровард

Бозиҳои футбол ҳам тариқи пахши мустақим ва ҳам ба шакли сабткунӣ пешкаши тамошобинон мешавад.

Дар баробари бозиҳои футбол тамошобинон имкон доранд тариқи ин шабака филмҳои таърихӣ, барномаҳо оиди таърихи футболи ҷаҳониро тамошо кунанд.

Баъди анҷоми санҷишҳо шабака 24 соат фаъол мешавад.  Аввалин бозии футболе, ки тариқи ин шабака намоиш дода шуд, бозии "Реал" ва "Барселона" буд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин росто Тоҷикистон аз Узбакистон  пеш гузашт. Моҳи феврали соли равон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба кори шабакаи "Футбол" дар Тоҷикистон ба кор даровард.

Телевизиони "Футбол" ягона муассисаи иттиллоотӣ оид ба футбол дар кишвар буда, ба пуррагӣ бозии футболро дар формати замонавии HD пахш менамояд.

Лентаи хабарҳо
0