01:24 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
62102

Дар Русия қонуне тасвиб мешавад, ки бар асоси он касоне, ки шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунанд, бояд савганд ёд кунанд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ёдкарди савганд дар маросими дарёфти шаҳрвандии Русия масъулиятшиносии шаҳрвандони навро бештар карда онро шукӯҳи тоза медиҳад.

Ин қонун ҳамчунин шаҳрвандии Русияро аз касоне, ки муттаҳам ба теруризм ва ифротгароӣ шудаанд, хоҳад гирифт.

Раисҷумҳури Русия ин пешниҳодро дастгирӣ карда, дастур додааст то матни савганд омода карда шавад.

"Вақте ҷавонон ба хидмати низомӣ мераванд, савганд ёд мекунанд. Вале вақте як шахс шаҳрвандии дигар кишварро дарёфт мекунад, хуб мешавад ки чуноне ки дар дигар кишварҳо расм аст, бо савганд хоҳиши худро барои дарёфти шаҳрвандӣ ва риояи қавонини ин кишвар изҳор кунад", — гуфт Владимир Путин.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки дар қонун бояд муҷозот барои пешниҳоди иттилоъоти дурӯғ аз сӯи дарёфткунандаи шаҳрвандӣ навишта шавад.

Ҳамакнун намояндагони Думаи кишварии Русия матни савгандро омода мекунанд.

Мавзуъ

Мирзиёев савганд ёд кард ва ба вазифаи президентӣ шурӯъ намуд
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад
Барчаспҳо:
барои дарёфти шаҳрвандӣ, савгандёдкунӣ, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ