10:35 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин

Қазия дар Норин: парванда оғоз шуда, амали милисаҳо арзёбӣ мешавад

Официальный пресс-релиз УЦА
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
14603

Ҳодисаи мазкур дар Шуъбаи корҳои дохилаи шаҳр сабт шуда, далелҳои лозима ҷамъ оварда мешаванд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Баъди қазияе, ки дар шаҳри Норини Қирғизистон байни донишӯёни хориҷӣ ва сокинони шаҳр ба амал омад, Вазорати умури дохилаи кишвар гуфт, ки ҳодисаи мазкурро пайгирӣ хоҳад кард.

Тавре ВУД ҶҚ хабар медиҳад,  бо далели вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Норин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июн, як гурӯҳ ҷавонони шаҳр донишҷӯёни хориҷӣ ва устодони Донишгоҳи Осиёи Марказиро  маҷбур карданд, ки ба зону зада, бахшиш пурсанд.  Ба гуфтаи онҳо, гӯё донишҷӯён сокинони маҳаллиро саркӯб карда бошанд,  аммо касе ба ҷовобгарӣ кашида нашудааст.

"Ин ҳодаса дар ШКД ҳамчун авбошӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳоло маълумот ва маводҳои лозима гирд оварда мешаванд. Бо далели вайрон кардани тарбитоти ҷамъиятӣ, ки вокуниши зиёд ба амал овард, парвандаи ҷиноӣ боз  шудааст. Тафтишот оғоз гардид",- омадааст дар гузориши ВКД ҶҚ.

Илова бар ин, Хадамоти амнияти дохилии ВКД бозҷӯии дохилӣ оғоз кард, то амалҳои кормандонро арзёбӣ кунад.

Барчаспҳо:
донишҷӯ, қазия, парванда, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ