18:50 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
4201

Русия ҳам роҳбарияти Тоҷикистон ва ҳам мардуми кишварро дар танзими сулҳ ва таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуда, ҳамтои худро ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфт.

"Табрикоти самимонаи моро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  дар Тоҷикистон қабул фармоед",- омадааст дар барқияти табрикотӣ.

Ҳамчунин вай қайд кард, ки "ба имзо расидани истиқрори сулҳ рӯйдоди муҳиме дар таъхрихи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  боиси хотима ёфтани ҷанги чандинсолаи шаҳрвандӣ, ноил шудан ба ваҳдати миллӣ  гашта, роҳи рушд ва тараққиёти кишварро боз намудааст." Илова  карда мешавад, ки "дар он солҳо Русия ҳам роҳбарияти Тоҷикистон, ҳам мардуми кишварро дар танзими сулҳ ва таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ кардааст".

Ҳамчунин, Владимир Путин изҳори боварӣ арз кард, ки ҳамкории стратегии Русия ва Тоҷикистон дар асоси дӯстӣ ва кӯмак ба ҳамдигар дар оянда низ барои манфиати ҳар ду кишвар рушд хоҳад кард.

Раисҷумҳури Русия ба ҳамтои худ саломатӣ ва тавфиқ ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон — сулҳу амониро тиманно кард.
Барчаспҳо:
барқияи табрикотӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ