01:30 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Ду узви созмони тундрави "Ҳизбуттаҳрир" дар Маскав боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино бар иттилоъи РИА Новости дар Маскав ду таблиғгари гурӯҳи тундрави "Ҳизбутаҳрир" (мамнуъ дар Тоҷикистон), ки пештар дар Тоҷикистон узви он шуда буданд, дастгир  шуданд.

"Кормандони Маркази "Э" дар амалиёти муштарак бо ФСБ ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд, ки ҳангоми дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доштанашон узви "Ҳизбуттаҳрир" шуда буданд. Дар Маскав онҳо аксаран муҳоҷиронро ба пайравӣ аз созмонҳои тундрав даъват мекарданд", — гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Яке аз боздоштшудагон 23 сол дорад, синни узви дигари ҳизби мамнуъ муайян нест. Барои бозҷӯии ин қазия парвада оғоз шуда, муттаҳамон дар боздошти муқаддамотӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти "Ҳизбуттаҳрир" дар аксарияти кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин, аз ҷумла Тоҷикистон, расман мамнуъ шудааст.
Барчаспҳо:
боздошт, Ҳизбуттаҳрир, Шаҳрванди Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ