23:08 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
382 0 0

Аз худи раиси шаҳр гирифта то муъовинонаш ва раисони ноҳияҳо бояд ҳафтае чанд бор ва ё рӯзе як бор аз нақлиёти умумӣ истифода баранд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кормандони Ҳукумати шаҳри Остона ва ноҳияҳои он аз ин пас бояд аз нақлиёти умумӣ истифода баранд.

"Шаҳрдории пойтахт, аз раиси шаҳр гирифта то муъовинонаш ва раисони ноҳияҳо ва дигар раҳбарони идораҳои шаҳрӣ бояд чанд рӯз дар ҳафта ва ё рӯзе як бор аз нақлиёти умумӣ истифода баранд", — гуфтааст дар ҷаласаи раиси шаҳри Остона Асета Исекешева.

Пештар низ раиси шаҳри Остона аз ронандагон интиқод карда ва аз онҳо тақозо карда будааст, ки хидматрасонии автобусҳои шаҳриро беҳбуд бахшанд.

"Мутаассифона, бештари вақт аз рафтори ронандаҳову билетфурӯшҳо ба ман шикоят мекунанд. Акнун кайфият ва шеваи хидматрасонӣ зери назорати шадиди мо қарор хоҳад гирифт", — гуфтааст Исекешева.

Вай ба масъулин супориш дода, ки кайфияти хидматрасониро зери назорат гирифта ва аз бадрафтории ронандаҳову билетфурӯшҳо пешгирӣ кунанд.

"Мо акнун самти корамонро тағйир медиҳем. Вақте ҳукумат ширкатҳои нақлиётиро барои хидматрасонӣ ба мусофирон киро мекунад, аз онҳо талаб мекунад, ки реҷаи корро риоят ва кайфияти хидматрасониро беҳтар кунанд. Вагарна тахаллуфкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва қарордод бекор мешавад", — гуфтааст шаҳрдори Остона.

Барчаспҳо:
нақлиёти ҷамъиятӣ, раиси шаҳр, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ