Узбакистон нархи таробарии колоҳои Тоҷикистонро 40 дарсад арзон кард

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкРоҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон барои ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон аз роҳҳои оҳанаш 40 дарсад тахфиф муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ширкати "Ӯзбекистон темир йӯллари" нархи ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон аз роҳҳои оҳани Узбакистонро 40 дарсад арзон кард.

Бино ба гузориши Sputnik Узбакистон, Даврон Деҳқонов, муовини раиси ширкати "Ӯзбекистон темир йӯллари" дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом афзудани ҳамлу нақли бор бо корёрии ширкати "Роҳҳои оҳани Узбакистон" аст.

Вай гуфтааст, ки ин авохир раванди афзоиши боркашонӣ ба кишварҳои ҳамсоя  мушоҳида мешавад ва ин ширкати таробарии узбакӣ бо пайгирӣ ва баррасии ин раванд тасмим гирифтааст тахфифе барои боркашонҳои тоҷикӣ бидиҳад.

"Бо ҳамкорони тоҷикамон равобити гарму боэътимод дорем. Мо мунтазам мулоқот дорем ва дар ин дидорҳо ҳама масоили марбут ба боркашониро сари вақт ҳалл мекунем", — гуфтааст Деҳқонов. 

Ин масъули ширкати ҳамлу нақли "Роҳҳои оҳани Узбакистон" гуфта, ки ҳамакнун борбарӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон аз роҳҳои оҳани мавҷуд сурат мегирад ва Узбакистон зарурати бунёди қитъаҳои нави роҳи оҳан миёни ду кишварро намебинад.

"Бору колоҳо ба Тоҷикистон куллан аз гузаргоҳи Қудуқлӣ дар вилояти Сурхондарё ҳамлу нақл мешаванд. Борҳо сари вақт расонида мешаванд, ҳечгуна деркарде дар ҳамлу нақл нест, бино бар ин ниёзе барои бунёди қитъаҳои нави роҳи оҳан нест. Сохтмони қитъаи нави роҳи оҳан манфиати иқтисодие барои кишвари мо надорад", — таъкид кардааст муовини раиси "Ӯзбекистон темир йӯллари".

Лентаи хабарҳо
0