17:55 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Ҳавопаймои ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон. акс аз боойгонӣ

Муовини пешини сарвазир мудири ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" таъин шуд

© Сайт Uzbekistan Airways
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Мудири нави ширктаи "Узбекистон ҳаво йуллари" Улуғбек Розуқулов таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Узбакистон мудири ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" иваз шуд.

Ба иттилоъи Sputnik Узбакистон аз соли 2002 инҷониб раҳбарии ин ширкатро Валерий Тян бар ӯҳда дошт.

Акнун Улуғбек Розуқулов  муовини пешини сарвазир ва раҳбари ширкати "Узавтосаноат" ба ин симат таъин шудааст.

"Дирӯз ҷаласаи ғайринавбатӣ доир шуд, ки дар он савазир Абдулло Орипов низ ширкат дошт. Валерий Николаевичро гусел карданду раҳбари нав-Улуғбек Розуқуловро муаррифӣ намуданд", — гуфтааст мусоҳиби оҷонсӣ.

Манбаъ меафзояд, ки раҳбари пешини ширкати ҳавопаймоии Узбакистон — Валерий Тян кори худро дар Маҷлиси Олии Узбакистон идома медиҳад.

Пештар хабар додем, ки Ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" ҷадвали парвозҳои хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошкандро тағйир дод.

Парвозҳо аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбе тариқи ҳавопаймоҳои А320 сурат мегирад

То ин дам хатсайри НY 717 Тошканд-Душанбе соати 11.25 ва хатсайри НY 718 Душанбе-Тошканд соати 13.40 бо вақти маҳаллӣ сафар мекард.

Айни замон ин хатсайр рӯзҳои сешанбе аз соати 7.35 аз Тошканд роҳандозӣ мешавад.

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ дар ҳамсоякишвар: ситораи эстрада муовини вазири фарҳанг таъин шуд
Тағйироти кадрӣ: сафирҳои ҶТ дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз шуданд
Тағйироти кадрӣ: Мирзошариф Ҷалолов сафири ҶТ дар Бангладеш таъйин шуд
Барчаспҳо:
мудири нав, Улуғбек Розиқулов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ