23:12 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Сармураббии мунтахбаи футболи Узбакистонро барои ба қаҳрамонии ҷаҳон-2018 роҳхат нагирифтани дастпарваронаш аз вазифа озод карданд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Самвел Бабаян аз вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Узбакистон озод шуд.

Ба гузориши Sputnik Узбакистон ӯро ба далели роҳ наёфтани дастааш ба қаҳрамонии футбол-2018, ки дар Русия баргузор мешавад аз кор рондаанд.

Мунтахаби Узбакистон дар бозии интихобии охирин дар рақобат бо дастаи Куреи Ҷанубӣ бозиро бо ҳисоби (0:0) анҷом дода аз роҳхат ба қаҳрамонии футбол-2018 маҳрум шуд.

"Самвел Бабаян ва ҳайъати ӯ аз ӯҳдаи вазифаашон-ба қаҳрамонии ҷаҳон баровардани мунтахаб набаромаданд. Ба ин далел ҳайъати мураббиёни мунтахаби Узбакистон пурра озод шуд", —омадааст дар хабарнома.

Бабаян вазифаи сармураббигии мунтахаби футболи Узбакистонро аз соли 2015 инҷониб бар дӯш дошт.

Барчаспҳо:
аз вазифа озод, ФФТ ҶУ, Самвел Бабаян, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ