Жан-Клод Ван Дамм аз сафар ба Узбакистон даст кашид

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГолливудский актер Жан Клод Ван Дамм прилетел в Грозный
Голливудский актер Жан Клод Ван Дамм прилетел в Грозный - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба он нигоҳ накарда, ки бо бо Жанклод-Ван-Дам шартнома баста шуда буд ва пештар ҳаққи гонорар ва ба ҳавопаймо билет харида буданд дар меҳмонхона ҳам ҷой гирифта буданд,аммо ҳунарманд сафар ба Узбакистонро рад кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҳунрманди Ҳолливуд Жан-Клад Ван Дамм ва варзишкори машҳури муҳорибаҳои омехта Ҷефф Монсон гуфтаанд, аз сафар ба Тошканд барои ширкат дар размоиши Asian Fight 2017 даст мекашанд.  Дар ин бора торномаи gazeta.uz. дар истинод ба роҳбари сабқати мазкур Ҷамшед Ҳоҷибеков иттилоъ медиҳад.

"Мутаасифона Жан-Клод Ван Дамм ба Узбакистон намеоянд. Вай сахт бемор шудааст. Тавре ёрдамчии вай ба мо иттилоъ дод, Ван Дамм ҳоло дар Лос- Анҷелос аст. Ӯ аз сафар ба Узбакистон даст кашидааст ва аз ин лиҳоз бахшиш пурсидааст",- нақл кард Ҳоҷиакбаров.

Актер Жан-Клод Ван Дамм, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Жан-Клод Ван Дамм ба узбакистониҳо рақамҳои "тиллоӣ" ҳадя мекунад

Гуфта мешавад, ҳунарманд пештар бо ташкилкунандагони размоиши Asian Fight 2017 шартнома баста шуда буд ва гонарараш ҳам маълум буд.

"Бо далели он ки шартномаи Ван Дамм бо Мансон низ иртибот дошт, вай ҳам ба Узбакистон намеояд. Аммо акнунСтиван Сигалро даъват кардем",- гуфтааст вай.

Ҳоҷиакбаров қайд кард, ки муштариён метавонанд билетҳоро бар гардонанд.

пештар хабар дода шуд, Жан-Клод Ван Дамм ва муборизи ҳарбҳои омехта Ҷефф Монсон барои ширкат дар размоиши Asian Fight 2017 ба Тошканд меоянд.

Дар ин бора раиси Федератсияи Узбакистон, Азиз Ҷурабоев дар суҳбат бо рӯзномаи "Даракчӣ" хабар дода, қайд карда буд, Жан-Клод Ван Дамм ва Ҷефф Монсон сафари худро ба Узбакистон хаттӣ тасдиқ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0