08:47 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Раисҷумҳури Узбакистон кишвардори Тоҷикистон ва мардуми кишварро ба муносибати ҷашни Истиқлол муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, сарони чанде аз кишварҳо раисҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми кишварро ба муносибати ҷашни истиқлол муборакбод гуфтанд.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев низ дар барқияи табрикотие ба Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 26-солаги Истиқлоли Тоҷикистонро муборакбод гуфт ва муносибатҳои ду кишвари ҳамсояро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки итминон дорад боз ҳам бҳтар хоҳанд шуд.

Шавкат Мирзиёев  менависад:

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти кишвар самимона шодбош мегӯям.

Дар давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Азнавсозии сохтор ва ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона анҷом дода шуда, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муттасил таҳким меёбад.

Бо қаноатмандии амиқ мехостам рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳоро миёни кишварҳоямон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ махсус зикр намоям.

Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон — сулҳ, осоиш ва некӯаҳволӣ таманно дорам".    

Барчаспҳо:
муносибат, дӯстӣ, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ