17:36 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
73101

Ҳокими шаҳр мудирони мактабҳоро саф монда, барои дар ҷашни Истиқлол фаъолона ширкат накарданашон "ҷазо" додааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар интернет наворе мунташир шуд, ки дар он яке аз раисони ноҳияе дар Узбакистон мудирони маткабҳоро саф монда, онҳоро "муштборон" мекунад.

Бино бар иттилои расонаҳои Узбакистон, ин мард- ҳокими ноҳияи Сайхунободи вилояти Сирдарёи Узбакистон Носирҷон Эгамбердиев будааст, ки  мудирони мактабҳои ноҳияашро ба маҷлисе даъват карда, онҳоро барои ширкат накарданашон дар ҷашни истиқлроли Узбакистон, ки 1-уми сентябр ҷашн гирифта шуд, ҷазо додааст.

Мудирон ба ин калтакҳои ҳоким вокунише нишон намедиҳанд. Онҳо сари худро паст карда меистанд ва чизе ҳам намегӯянд.  Ҳокими ноҳия назди ҳар як мудир рафта, танбеҳ медод ва сипас ба рӯй ё китфонаш як ё якчанд маротиба мезадад. Онҳо мухолифат нишон намедоданд ва хомӯш меистоданд.

Ҳукумати Узбакистон то ҳол дар бораи ин хабар чизе нагуфтааст.

Барчаспҳо:
"муштборон", ҷашни истиқолол, мудири маткаб, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ