22:26 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Шоҳи Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ

Сафари таърихӣ: шоҳи Арабистони Саудӣ аз Маскав боздид мекунад

© Sputnik / Сергей Субботин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Интизор меравад, ки шоҳи 82-солаи Арабистони Саудӣ бо раисҷумҳури Русия дидору гуфугӯ мекунад ва чанде аз созишномаҳои ҳамкориро ба имзо мерасонад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазизхон Оли Сауд бо сафари расмӣ рӯзҳои 4-7 октябр аз Русия боздид хоҳад кард.

Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи ВУХ Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

"Ин сафари Волоҳазрат таърихӣ хоҳад буд, чун рамзи ҳамкориҳои миқёсан бузурги дуҷониба хоҳад шуд", — гуфтааст ӯ.

Интизор меравад, ки шоҳи 82-солаи Арабистони Саудӣ Абдулазизхон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин  дидору гуфугӯ мекунад ва чанде аз созишномаҳои ҳамкориро имзо мекунад.

Зиндагиномаи шоҳи Арабистони Саудӣ

Салмон ибни Абдулзаз ибни Абдураҳмон Оли Сауд 23 январи соли 2015 дар синни 80-солагӣ пас аз вафоти бародараш Абдуллоҳ подшоҳ ва ҳамзамон нахуствазири Арабистони Саудӣ шуд.

Салмон писари подшоҳи аввалини Арабистон — Абдулазиз ибни Сауд мебошад. То замони ба маснади подшоҳӣ нишастан Салмон вазири дифоъ ва губернатори Риёз буд.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ се маротиба хонадор шудааст. 

Мавзуъ

Тоҷикистону Арабистон баргузории Ҳамоиши иқтисодиро баррасӣ карданд
Барои рӯзадорон: Арабистон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тӯҳфа кард
Рози ҳиҷоби Мелания Трамп дар Ватикан ва беҳиҷобӣ дар Арабистон
Муаррифии бештари Тоҷикистон дар Арабистон. Тариқи Интернет
Барчаспҳо:
Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Арабистони Саудӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ