20:21 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Мухаммед Джавад Зариф . Архивное фото.

Эрон ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқро "иштибоҳи бузург" мешуморад

© Sputnik / Владимир Песня
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф баргузории ҳамапурсии истиқлол дар иқлими Курдистони Ироқро "иштибоҳи бузург" медонад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зариф аз ёрии Эрон ба Курдистон дар баробари ҳамлаҳои ДОИШ ёдоварӣ шудаву таъкид карда, ки Теҳрон бар ин бовар аст, ки ҳамапурсии истиқлол аз Ироқ "иштибоҳи роҳбурдӣ" аст.

"Кишварҳои минтақа ва хориҷ аз он дидгоҳи муштараке ба хатароти тамоилоти ҷудоихоҳона доранд, чаро ки онҳо на нуқтаи поёни даргирӣ, балки оғоз даргирӣ хоҳанд шуд. Ин кор ба суди мардуми курд нахоҳад буд", — гуфтааст Зариф.

"Мо дӯстони ҳамешагии мардуми курд будаем ва дар мароҳили гуногун ба кумакашон шитофтаем. Акнун Ироқ як раисҷумҳури курд дорад ва барои мо муҳим аст, ки тамомият арзӣ ва ҳамбастагии Ироқ нигаҳ дошта шавад. Бо гуфтугӯву созиш метавон масоилро ҳалл кард", — афзудааст вазири умури хориҷии Эрон.

Ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқ бо ширкати 3,4 милюн раъйдиҳанда баргузор шуд, ки дар он 91,83 дарсад аз курдҳо хостори истиқлол шуданд.

Мавзуъ

Изҳороти тунди Эрдуғон алайҳи ҳамапурсии ҷудоӣ дар Курдистони Ироқ
Оташбозӣ ва рақсу бозӣ: шодии мардуми Курдистон пас аз интихобот
Курдистон ҳамапурсии истиқлол аз Ироқро баргузор мекунад
Эрону Ироқу Туркия аз Курдистон хостаанд аз истиқлол даст кашад
Эрон ва Амрико намехоҳанд Курдистон аз Ироқ ҷудо шавад
Барчаспҳо:
Эрон, Ироқ, Курдистон, ҳамапурсии худсолорӣ, Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, Эрон-Курдистон

Мавзӯъҳои асосӣ