21:59 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бозиҳои осиёии соли 017 дар Ишқобод

Раисҷумҳур ба варзишкорон ва мураббиён 94 худраву пул тақдим кард

© Фото: Официальный сайт / ashgabat2017
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
66130

Раисҷумҳур барои варзишкорони медолдор ва мураббиён 94 худрави тамғаи Toyota Camry GL Executive ва ҷоизаи пулӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба қаҳрамонони Бозиҳои V осиёӣ ва мураббиҳо худравҳо туҳфа кард.

Дар ин бора рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.

Маросими туҳфасупорӣ дар Маркази созмонҳои ҷамъятии Туркманистон баргузор шудааст. Бозиҳои осиёӣ рӯзи чаҳоршанбе анҷом ёфт. Пирӯзӣ насиби дастаи варзишкорони Туркманистон шуд.

"Дар умум раисҷумҳур барои варзишкороне, ки дар Бозиҳои осиёӣ медоли тилло ба даст оварданд ва мураббиён 94 худрави тамғаи Toyota Camry GL Executive тақдим кард. Панҷоҳу чаҳор варзишкор бо медолҳои нуқрагӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори 5 ҳазор дулор, 77 варзишкрори дигар, ки медолҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд, 3 ҳазор дулор гирифтанд".

Ҳамчунин бархе аз варзишкорон ва мураббиён бо унвонҳои "Устоди шоистаи варзиши Туркманистон" ва "Мураббии шоистаи Туркманистон" сарфароз гардонида шуданд.

Зимни ҷоизасупорӣ раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ташвиқи тарбияи ҷисмониро аз афзалиятҳои сиёсати Туркманистон номида гуфт, ки "тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Туркманистон чун захираҳои пурқудрати мутаҳҳидкунанда ва дилгармкунандаи мардум барои тай кардани қуллаҳои бузург аст".

Дар Бозиҳои осиёӣ варзишкорони Туркмнистон 245 гирифтанд. Аз он — 89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ мебошанд.

Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд. Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.

Мавзуъ

Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд
Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод: Тоҷикистон 3 медоли тилло ба даст овард
Дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 2017 дар Ишқобод
Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод
Барчаспҳо:
тақдими унвонҳо, маблағи пулӣ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ