Сооронбой Ҷээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон мешавад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото
Премьер-министр Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи маълумотҳои пешавкии Комиссияи марказии интихоботӣ собиқ сарвазири Қирғизистон дар интихоботи раисҷумҳурӣ ғолиб омадааст

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тавре хабаргузории Sputnik Қирғизистон иттилоъ медиҳад, собиқ сарвазири Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар натиҷагирии интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистон пешгом аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе дар Қирғизистон интихоботи раисҷумҳурии кишвар баргузор шуд. Ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар аз соати  08:00 то 20:00 дарҳои худро барои интихобкунандагон боз намуданд. Ширкати райъдиҳандагон дар интихобот 56 дар садро ташкил медод.

Мувофиқи иттилои 54,75 фисади интихобкунандагон ба Сооронбой Ҷээнбеков овоз доданд.

Як номзади дигар аз ҳизби мухолифин Омурбек Бабанов наздики 33 дар сади овозҳоро ба даст овардааст.

Муддати раёсати  Алмосбек Отамбоев 1-уми декбар ба итмом мерасад. Мувофиқи қонунгузории кишвар як шаҳрванд ҳақ надорад ду бор раисҷумҳур интихоб шавад.

Лентаи хабарҳо
0