Бародари додситони пешин дар Бишкек кушта шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкОперация правоохранительных органов Кыргызстана в Бишкеке
Операция правоохранительных органов Кыргызстана в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афроди ношинохтае Улан Салянов, бародари Аида Салянова, собиқ додситони кулли Қирғизистон ва сиёсатмадори мухолифи ҳукуматро, бо гулӯла дар хонааш куштаанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, чанд ниқобпӯш шабона ба хонаи Улан Салянов дар "Кӯк-Ҷар" — маҳаллаи навсохти Бишкек, ҳамла кардаву ӯро ҳадафи тир қарор додаанд.

"Шаби 6 ноябр ҳудудан дар соати 01.30 чанд шахси ниқобпӯш ба манзили Улан Салянов ворид шудаанд. Онҳо аз силоҳи оташфишон Улан Салянови 42-соларо ду тир задаву аз маҳалли ҷиноят фирор кардаанд", — гуфта мешавад дар хабари равобити умумии ВУД Қирғизистон.

Улан Салянов аз захмҳои бардошта ҷон бохтааст. Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта, ки ҳангоми рух додани ин ҷиноят дар он манзил ҳамроҳ бо Улан Салянов ҳамсару фарзанди 17-солааш низ будаанд.

"Бино ба додаҳои пулис, ҷинояткорон дар худрави савории сафдранг аз маҳалли ҷиноят фирор кардаанд. Нерӯҳои интизомии шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй амалиёти боздошти ҷинояткоронро оғоз кардаанд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Вице-премьер страны Темир Джумакадыров - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати муовини сарвазири Қирғизистон дар садама

ВУД Қирғизистон ҳамчунин гуфта, ки дар бозҷӯии ин куштор ҷанбаи сиёсиро пайгирӣ намекунад. Барои бозҷӯии ин қазия коргурӯҳи бозҷуст ташкил шуда ва онро Созмони бозҷӯии ВУД аз рӯи моддаи "куштор" пайгирӣ мекунад.

Ёдоварӣ мешавад, Аида Салянова пас аз истеъфо доданаш аз симати додситони кулли Қирғизистон аз ҳизби мухолифи "Ота-Макон" дар Маҷлиси қонунгузор намоянда шуда буд ва ҳамвора аз давлати раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев интиқод мекард.

Вакили пешини Аида Салянова Улан Ҷумаков аз Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хоста, ки барои Аида Салянова нигаҳбон таъйин кунад. Вай ёдоварӣ кардааст, ки замоне, ки Аида додситони кулл буд, афроди ношинохтае манзили ӯро ҷустуҷӯ доштаанд.

Он замон Аида бо гурӯҳҳои созмонёфтаи табаҳкор ва саркардагонашон шадидан мубориза мебурд. "Ин қазия гувоҳ бар хатарест, ки ҷони Аида Саляноваро таҳдид мекунад", — гуфтааст Улан Ҷумаков.

Вай ҳамчунин гуфта, ки Улан Салянов таъмиргари худрав буд ва бо сиёсат сару коре надошт. 

Лентаи хабарҳо
0