19:17 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
25120

Ҳунарманди халқӣ-Насиба Абдуллоева сарояндагони эстрадаро танқид кард. Ӯ аслан тарзи овозхонии онҳоро дар рӯи саҳна ба танқид кашид

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳунарманди халқии Узбакистон Насиба Абдуллоева овозхонони Узбакистонро танқид кард.

Суханони танқидии Абдуллоева тариқи шабакаи узбекӣ-uzbektv. пашх шудааст.

Ин сарояндаи машҳур қайд карда, ки овозхонони ҷавон намехоҳанд меҳнат кунанд.

Ӯ тарзи сурудхонии овозхононро дар рӯи саҳна ба танқид кашид. Ҳамин тавр Абдууллоева қайд карда, ки сарояндагони ҳозира аслан бо фонограмма месароянд.

Абдуллоева ҳамчунин гуфтааст, ки ба ӯ писанд нест, вақте сарояндагон сурудҳои ӯро бо сифати паст бозхонӣ мекунанд. Ба фикри ӯ дар сурати бозхонӣ онҳое бояд аз худ чизи наве ба суруд ворид кунанд.

"Шумо метавонед сурудҳои маро бозхонӣ кунед, вале бояд онро ба тарзи дигар, бо завқи худ сароед", — қайд карда сароянда.

Чуноне Абдуллоева мегӯяд, намуди зоҳирии сарояндаогони имрӯза ҳам ба сурудҳое, ки онҳо месароянд мувофиқат намекунад. Дар ин сурат барои тамошобинон қабули чунин сурудҳо мушкил мешавад.

"Барои чӣ мо то ҳол меҳнат мекунем ва шумо онро медуздед", — савол мегузорад овозхон.

Барчаспҳо:
суруддуздӣ, танқид, Насиба Абудллоева, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ