09:34 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Афганские силовики во время столкновений с боевиками ИГ в провинции Нангахар (Афганистан). Архивное фото

Дар Афғонистон мардум худ ба ҷанг бо ДОИШ бархост

© AFP 2019 / Noorullah Shirzada
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Мардуми вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон худҷӯшона ба муборизаи мусаллаҳона бо гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) бархост

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Мардуми вулусволии Чавкай дар вилояти Кунар худҷӯшона бо аъзои гурӯҳи теруристии ДОИШ дар ин ноҳия даргир шуданд.

Ба гузориши Дафтари матбуоти фармондеҳи нерӯҳои Артиши миллии Афғонистон, дар паи ин даргирӣ се ҷангҷӯи ДОИШ кушта ва ду тан аз онҳо дастгир шуд. Аз нерӯҳои мардумӣ касе дар ин набард осебе надидааст.

Пештар раиси Шурои вилояти Нангарҳор Аҳмадалӣ Ҳазрат гуфта буд, ки нерӯҳои покистонӣ дар ноҳияҳои марзии ин вилоят ба масофаи 500 метр дар дохили хоки Афғонистон пешравӣ карда ва худсарона марзу симхор кашидаанд.

Ин масъул гуфта, агар давлати Афғонистон дар баробари ин иқдомоти Покистон вокуниш нишон надиҳад, мардуми он вилоят ба хезишҳои мусаллаҳона мепардозанд ва аз пешравиҳои покистониҳо ҷилавгирӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
хезиши мардумӣ, ДОИШ, ДОИШ, Афғонистон-Покистон-ДОИШ

Мавзӯъҳои асосӣ