19:24 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
82601

Дар Ҳиндустон яке аз сиёсатмадорони ҳинду барои буридани сари ҳунарпешаи номдор Дипика Падуконе 100 милюн рупия баробар бо 1,54 милюн дулор ҷоиза пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Сураҷ Пал Аму, яке аз раҳбарони ҳизби "Бҳаратия Ҷаната" (Ҳизби мардуми Ҳинд) дар иёлати Ҳорёно дар шимоли Ҳиндустон, иддиъо карда, ки дар филм "Падмаватӣ" ба коргардонии Санҷай Лила Вҳансалӣ ва нақшофаринии Дипика Падуконе ба дини ҳиндуизм тавҳин шудааст.

Ин сиёсатмадор бо ин иддиъо барои буридани сари ин ҳунарпеша ва коргардон 100 милюн рупия ҷоиза пешниҳод карда, ки ин маблағ баробар бо 1,54 милюн дулор аст.

Филми "Падмаватӣ" бар асоси достони қадимии "Падмават" сохта шуда ва равобити Ранӣ Падминӣ, шаҳдухтари ҳинду аз дудмони Роҷпут ва ҳокими мусулмони Деҳлиро ба намоиш дар овардааст. Бар асоси достони ин филм, шаҳдухт Падминӣ худкушӣ мекунад то канизи султони мусулмон нашавад.

Қарор буд намоиши ин филм бар синемаҳои Ҳинд 1 декабр оғоз шавад, вале ба иллати ин қазия то замони номуайян пас андохта шудааст.

Барчаспҳо:
Болливуд, ҳунарпеша, ҳинду, Дипика Падуконе, Ҳиндустон

Мавзӯъҳои асосӣ