19:29 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Бештари мансабдорон ӯҳдадориҳои худро мувофиқи талаботҳои замона иҷро карда наметавонанд, мегӯяд Шавкат Мирзиёев

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар яке аз баромадҳояш мансабдорони узбакро танқид карда, гуфтааст, бештари онҳо ба масъулияти хеш хунукназарона муносибат мекунанд. Вай афзудааст, ин амали онҳо ба пешрафти кишвар монеа мешавад.

Аз ҷумла Мирзиёев қайд кардааст, ки бештари роҳбарон дар тартибот, интизом ва ӯҳдадорӣ ба сустӣ роҳ медиҳанд,  наметавонанд вазифаҳои худро дар асоси талаботи муосир иҷро кунанд ва нисбати масъулиятҳои хидматиашон беаҳамият мебошанд.

"Одамон зиндагии хуб ва сазоворро мехоҳанд, на барои пагоҳ ва на барои оянда, балки барои  имрӯз. Маҳз барои ҳамин мо бояд раванди ислоҳотҳоро тезонем, ва сифату самаранокии онро баланд бардорем",- гуфтааст раисҷумҳур.

Мирзиёев таъкид кардааст, ки бояд барои ҳалли мушкилии ҳар як минтақа, ҳар як хонавода ва ҳар як шаҳрванд кӯшиш кард.

"Корро бояд аз нигоҳи диди нав сар кард,  бо ташвишу умедвориҳои мардум зист. Фидокорӣ ва масъулиятнокӣ бояд шиори ҳар як роҳбар ва шахси масъул бошад.  Мо  ошкоро иқрор мекунем, ки интизориҳои мардумро амалӣ накардаем",- қайд кардааст Мирзиёев.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Куреи Ҷанубӣ дар бораи як соли раёсати Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Узбакистон китоб навиштанд.

Муаллифи китоб рӯзноманигори машҳури куреӣ Чо Чол Хён қайд навиштааст, ки Узбакистон дар як соли раисҷумҳурии Шавкат Мирзиёев ба пешравиҳои назаррас ноил шуд.

Барчаспҳо:
роҳбар, масъул, танқид, Шавкат Мирзиёев, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ