Узбакистон низоми раводиди ягонаи гардишгариро ҷорӣ кард

© Flickr \ Chris Price / Гузариш ба медиабонкСамарканд, архивное фото
Самарканд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низоми тозаи раводиди гардишгарӣ аз ду ҷиҳат барои гардишгарон муфид хоҳад буд- нарх ва муҳлати эътибор

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Узбакистон низоми ягонаи раводиди гардишгарӣ фаъол шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармонеро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он дар кишвар низоми ягонаи раводиди гардишгарӣ фаъол мешавад. Эътибори раводид 30 рӯз  ва нархи он 40 доллар аст.

Пештар гардишгарони хориҷӣ метавонистанд танҳо барои аз 7 то 15 рӯз раводид ба даст оранд ва нархи он 60 доллар буд. Ҳамин тавр, Ҳукумати Узбакистон муҳлати раводидро дарозтар ва нархи онро арзонтар кардааст.

Моҳи апрели соли равон раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев низоми раводиди 27 кишварро ба Узбакистон лағв карда буд. Шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бинуни танзими раводид то 30 рӯз дар ҳудуди Узбакистон монананд. Ёдовар мешавем, рафтуомад байни Узбакистон ва  Тоҷикистон бо раводид танзим мешавад.

Лентаи хабарҳо
0