13:29 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
272 0 0

Дар нишасти Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ тарҳҳои байнидавлатӣ қабул шуданд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода раҳбари нави Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъин шуд.

Дар ин бора дар торномаи ин ниҳод хабар дода шудааст.

Тағйироти корӣ дар додгоҳҳои ВМКБ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Қайд мешавад, ки Ҳамоиши XII олимон ва зиёиёни эҷодкор ва Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ рӯзҳои 11-12 декабри соли 2017 дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Барчаспҳо:
таъинот, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ