Лавров: Амрико намегузорад, ки Афғонистон аз Русия ҷангафзор бихарад

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ёдоварӣ кард, ки Русия ва НАТО қарор дода буданд, ки Афғонистон аз Маскав чархбол дарёфт кунад, вале дар паи рухдодҳои Укроин Амрико бар Кобул фишор овард то аз хариди ҷангафзорҳои русӣ даст бикашад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Амрико аз таҳвили силоҳу ҷангафзорҳои русӣ ба Афғонистон ҷилавгирӣ мекунад, ки тавони размии Нерӯҳои мусаллаҳи онро коҳиш медиҳад, гуфт Сергей Лавров.

Вазири умури хориҷии Русия дар суханронияш дар Шурои федеросюн ёдоварӣ кард, ки Русия ва НАТО қарор дода буданд, ки Афғонистон аз Маскав чархбол дарёфт кунад, вале дар паи рухдодҳои Укроин Амрико бар Кобул фишор овард то аз хариди ҷангафзорҳои русӣ даст бикашад. Ҳамчунин Вашингтон аз Кобул талаб дошт, ки аз корбурди 50 ҳазор мил "Калашников" низ даст бикашад, ки ройгон аз Русия дарёфт карда буд.

"Афзун бар пурсишҳое, ки афғонҳо пурсида будем ин 50 ҳазор мил силоҳ куҷо хоҳанд шуд, ин суол ҳам матраҳ аст, ки ба чи далеле мехоҳанд Артиши Афғонистонро аз корбурди силоҳе, ки ба он одат дорад, манъ кунанд ва силоҳе ба дасташ бидиҳанд, ки ба он одат надорад ва тавони размияшонро коҳиш медиҳад? Ин пурсиш посухе надорад, ҷуз он ки амрикиҳо кӯшиш доранд бароямон монеъ эҷод кунанд, чун монеъасозиро дӯст медоранд", — тавзеҳ дод Лавров.

Вазорати умури хориҷии Русия пештар ҳам таъкид карда буд, ки Маскав аз кӯшишҳои байналмилалии роҳандозии музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва "Толибон" пуштибонӣ мекунад.

Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Русия аз бесуботӣ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигарон аст

Ин баёния дар паи худдории Русия аз ширкат дар нишасти коршиносони Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Чин, Покистон ва Амрико мунташир шуда буд, ки дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи байналмилалии тамоси намояндагони вижа дар умури Афғонистон дар Осло баргузор шуда буд.

"Пуштибонии худро аз ҳаргна кӯшишҳои байналмилалӣ барои роҳандозии музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва "Толибон" ва дастёбӣ ба оштии миллӣ дар он кишвар ба раҳбарии афғонҳо эълом мекунем. Ҳамзамон бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳдидҳои теруристӣ ва ифротгароӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарик кардани ин кишварҳо дар меконизмҳои оштидеҳӣ дар Афғонистонро зарур мешуморем", — гуфта мешуд дар баёния.

Вазорати умури хориҷии Русия ёдоварӣ карда буд, ки ин рӯйкард дар чорчӯби тамосҳои гурӯҳи Созмони ҳамкории Шонгҳой — Афғонистон ба кор гирифта шуда ва натоиҷаш хуб будааст.   

Лентаи хабарҳо
0