04:16 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Хатҳои интиқолӣ, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур дастур дод, ки нархи дастрасӣ ба интернет арзон шавад

© Sputnik / Владимир Трефилов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Ҳамчунин вай супориш дод, ки то соли 2020 суръати интернет на камтар аз 4 маротиба вусъат бахшида шавад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба шахсони мутасаддӣ дастур дод, ки нархи дастрасӣ ба интернет якбора арзон карда шавад ва афзун бар ин то соли 2020 зуддии интернет дар кишвар то 4 маротиба суръат бахшида шавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи сешанбе бо роҳбари Шавакат Мирзиёев машварати корӣ дар мавзуи  рушди технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар Узбакистон ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар баргузор шуд.

"Ба ман ҳисобот доданд, ки дар Узбакистон 20 миллион кас аз интернет истифода мебаранд. Аммо бо далели маҳдуд будани хизматрасоние, ки ба воситаи интернети узбакӣ пешниҳод  мешавад, қисми зиёди мардум танҳо ба воситаи Телеграм бо ҳам муошират мекунанд",- гуфт Мирзиёев.

Дар рафти машварати корӣ қайд карда шуд, ки суръати интернет дар Узбакистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ 10 маротиба сусттар аст.

Барчаспҳо:
суръат, нарх, интернет, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ