Тоҷикистону Узбакистон соли 2018 раводидро бекор мекунанд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Узбакистон низоми раводидро ҳангоми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон бекор мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Интизор меравад, ки созишномаи бекор кардани низоми раводиди миёни Тоҷикистону Узбакистон дар паи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шавад.

Дар ин бора раиси Кумитаи рушди гардишгарии Узбакистон Азиз Абдуҳакимов ба рӯзноманигорон хабар додааст.

"Чунин тафовуқот ҳаст ва интизор меравад, ки дар рафти сафари раҳбари давлат раводид бекор шавад", — хабар дод Азиз Абдуҳакимов.

Президент Таджикистана принимает участие в возведении плотины для Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Мирзиёев дар дидор бо Раҳмон аз Роғун суҳбат нахоҳад кард

Вай санаи дақиқи сафари Мирзиёевро нагуфтааст, вале қайд кардааст, ки ин сафар дар "замони наздик рух медиҳад".

Пештар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки Шавкат Мирзиёев дар авоили фасли баҳор ба Тоҷикистон меояд.

Раҳбари Кумитаи гардишгарии Узбакистон ёдрас шуд, ки дар масъалаи бекор кардани низоми раводид ҳангоми сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Душанбе тафовуқ ҳосил шуд.

"Ман фикр мекунам, ки ин бисёр қарори ҷиддӣ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷӯҳи хос доранд-ин сафари хешовандон ва гардишгарӣ аст", —гуфт Абдуҳакимов.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистону Узбакистон барои ҳалли масъалаи раводид ва қитъаи баҳсбарангези марзӣ, аз ҷумла сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод, ба тавофуқ расиданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Бе раводид: аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд як моҳ дар Узбакистон бимонанд

Тараҳо ба зудӣ санаде барои рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро имзо хоҳанд кард, ки бар асоси он тоҷикистониён ва узбакистониён ҳақ хоҳанд дошт то як моҳ дар қаламрави ду кишвар бе раводид бимонанд.

Тарафҳо ҳамчунин қарор доданд, ки дар наздиктарин замон роҳҳои оҳан ва заминиро ҳам боз кунанд. Ҳамчунин дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳҳои нав бунёд карда мешаванд.

Тарафайн дар масъалаи нерӯгоҳи Фарҳод, ки дар минтақаи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Узбакистон қарор дорад, қарор доданд, ки замине, ки дар он нерӯгоҳ бунёд шудааст, аз они Тоҷикистон ва нерӯгоҳ аз они Узбакистон шинохта шавад.

Лентаи хабарҳо
0