06:29 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Мужчина пытается выбраться с балкона отеля Intercontinental в Кабуле во время нападения боевиков

Ҳафт шаҳрванди Укроин дар Кобул кушта шудаанд

REUTERS / Omar Sobhani
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Сафири Укроин дар Афғонистон кушта шудани 7 шаҳрванди кишварашро дар ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар Кобул таъйид кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Виктор Никитюк, сафири Укроин дар Тоҷикистон ва Афғонистон, кушта шудани 7 шаҳрванди ин кишвар дар паи ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар Кобулро таъйид кард.

“То кунун кушта шудани 7 шаҳрванди Укроин таъйид шудааст. Иттилоъоте, ки то кунун дар бораи кушта шудани шаҳрвандони Укроин аз гузоришҳои расонаҳо ба даст омадааст, бояд баррасӣ шавад”, — гуфт Никитюк ба хабарнигорон.

Пеш аз ин намояндаи расмии Дафтари хадамоти консулии Вазорати умури хориҷии Укроин Васил Кирилич гуфта буд, ки дар паи ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар Кобул як шаҳрванди Укроин кушта шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 20 январ гурӯҳе аз ҷангҷӯён ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал Отел" дар Кобул ҳамла бурда буд. Ба гузориши расонаҳои афғонистонӣ, дар ин ҳамла 43 кас кушта шуда ва 126 кас, аз он ҷумла 41 шаҳрванди хориҷӣ раҳо карда шудаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон кушта шудани 18 кас, аз ҷумла 14 хориҷиро таъйид кард. Нерӯҳои амниятӣ 18 соат бо ҳамлакунандагон даргирӣ доштанд то тавонистанд буҳронро ҳалл кунанд. Масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаро ҷунбиши тундрави "Толибон" бар уҳда гирифт.

Мавзуъ

Рамазон Қодиров Ғарбро муттаҳам ба нодида гирифтани “буҳрони хунин” дар Афғонистон кард
Барчаспҳо:
ҳамла ба Интерконтинентал, Виктор Никитюк, Укроин, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ