23:00 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ферганский государственный университет

Тоҷикони Узбакистон аз баста шудани мактабҳояшон нигарон шудаанд

© Фото: Ферганский государственный университет
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
73870

Тоҷикони рустоҳои Пском, Чакак, Полвонак, Испай ва Нанай дар вилояти Тошканд аз баста шудани мактабҳои тоҷикӣ нигарон шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сироҷиддин Эсанбоев – яке аз бошандагони ноҳияи Бӯстолиқ, ин нигаронии ҳамшаҳриҳояшро дар номае дар рӯзномаи “Овози тоҷик” – нашрияи Маҷлиси Олӣ ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбакистон, шумораи 5-ум аз 17 январи 2018, мунташир кардааст.

Дар ин нома, ки ба гуфти Эсанбоев 110 тан аз бошандагону омӯзгорони рустоҳои тоҷикнишини ноҳияи Бӯстонлиқ имзо кардаанд, нигаронии онҳо аз камбуди омӯзгорон ва дархосташон барои роҳандозии шуъбаҳои тоҷикӣ дар донишкадаҳо оварда шудааст.

“Аксарияти аҳолии деҳаҳои номбурда тоҷикон буда, фарзандони мардуми онҳо ба забони модарии худ таҳсил мегиранд. Амм ба сабаби набудани омӯзгорони соҳибихтисос фаъолияти баъзе мактабҳои тоҷикӣ душвор мегардад… Агар масъалаи тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ ҳаллу фасл нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо ба далели набудани мутахассисон вуҷуд дорад”, — гуфта мешавад дар ин нома.

Дар ин нома ҳамчунин дархост шуда, ки дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Чирчиқ барои тарбия кардани омӯзгор барои мактабҳои тоҷикии вилояти Тошканд гурӯҳҳои тоҷикӣ роҳандозӣ шаванд.

Ин нахустин бор аст, ки тоҷикони Узбакистон дар 25 соли истиқлоли он кишвар чунин дархосте аз давлати Узбакистон мекунанд.

Мавзуъ

Омӯзиши забони тоҷикӣ дар яке аз донишгоҳҳои Узбакистон роҳандозӣ шуд
Барчаспҳо:
мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон, Сироҷиддин Эсанбоев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ