Шавкат Мирзиёев ба коргардони тоҷик Бақо Содиқ шаҳрвандӣ дод

© Facebook / Muhiddin MahmudovКинорежиссер Бако Содик, архивное фото
Кинорежиссер Бако Содик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Каргардони машҳури тоҷик аз соли 1997 инҷониб дар Узбакистон ба сар мебурд, аммо ҳамчун шахси бидуни тобеият (бешаҳрвандӣ) зиндагӣ мекард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Коргардони тоҷики узбакистонӣ Бақо Содиқ бо фармони раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев соҳиби шаҳрвандӣ ва шиносномаи Узбакистон шудааст. Дар ин бора дӯсти наздики Бақо Содиқ, нависанда Муҳиддин Маҳмудов хабар медиҳад.

Тавре Маҳмудов қайд мекунад,  Бақо Содиқ то соли 1997 дар Душанбе ва аз соли 1997 инҷониб дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, аммо то имрӯз ҳамчун шахси бидуни тобеият буд.

"Бо фармони раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Бақо Содиқ- коргардони машҳури шуравӣ шаҳравандии Узбакистон дода шуд"- қайд карда мешавад дар хабари Муҳиддин Маҳмудов.

Муҳиддин Маҳмудов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмудов: Бақо Содиқ пантуркист набуд, аммо дар Тоҷикистон ӯро ба гӯшаи фаромушӣ бурданд

Шаҳрвандии Бақо Содиқро дар Тошканд, имрӯз дар маросими ботантанае супориданд.

Бақо Содиқ 13-уми июли соли 1941 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Вай Донишкадаи ҳунарпешагии Тошкандро хатм карда, чанд филми муштарак бо филмсозони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо ба навор гирифтааст.

Филмҳои машҳури Бақо Содиқ "Адонис — XIV", "Гирдоб", "Имом ал-Бухорӣ", "Бухорои Шариф" ва ғайраҳо мебошанд.

Ёдрас мешавем, охирҳои соли гузашта Муҳиддин Маҳмудов дар шаҳри Санкт-Петербурги  китоби "Филми Бақо Содиқ"-ро, ки ба қалами вай тааллуқ дорад, рӯнамоӣ карда буд.

Дар ҳошияи рӯнамоии китоб  Муҳиддин Маҳмудов бо Sputnik Тоҷикистон мусоҳиба кард.

Маҳмудов гуфта буд, боиси нигаронист, ки дар Тоҷикистон Бақо Содиқ ба боди фаромӯшӣ рафтааст.

"Боре як режиссери машҳури ӯзбек дар суҳбат ба ман гуфт, ки "дӯстони тоҷики ман баъзан бузургонашонро қадр намекунанд". Ҳамоно пеши назарам акои Бақо омад, ки замоне ҳамаамон Тарковскийи тоҷик мегуфтему ҳоло дар гӯшаи хотири бисёриҳо нест. Бахусус масъулони соҳаи синамо ва фарҳанги Тоҷикистон беэътиноӣ мекунанд",- таъкид карда буд вай.

Ба гуфтаи ӯ,  дар Тоҷикистон дар соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳарчанд дар телевизион чандин маротиба саҳнаҳо аз филми Имом ал-Бухорӣ  намоиш дода мешуд, аммо номи муаллифро намегирифтанд.

Ёдрас мешавем, барои филми "Бухорои Шариф" дар соли 1993 Тоҷикистон Бақо Содиқро ба ҷоизаи "Рӯдакӣ" сазовор донистааст.

Лентаи хабарҳо
0