06:35 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Арест, архивное фото

Амнияти миллии Афғонистон коршиноси умури сиёсӣ Аҳмад Саъидиро боздошт кардааст

© Sputnik / Илья Питалев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
4501

Амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Саъидӣ - коршиноси умури сиёсӣ ва дипломати пешинро дар паи интиқоди шадидаш аз ҳукумат ва нерӯҳои амниятӣ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бархе аз хабарнигорони афғонистонӣ гузориш додаанд, ки Аҳмад Саъидӣ пас аз гуфтугӯ дар барномае сиёсӣ дар шабакаи телевизюнии “Тулуъ” боздошт шудааст.

Ҳорун Наҷафизода, таҳлилгари телевизюни “Iran International” ба нақл аз ду манбаъ навиштааст, ки Аҳмад Саъидиро амнияти миллии Афғонистон боздошт кардааст.

Саъидӣ 27 январ дар барномаи сиёсӣ дар телевизюни “Тулуъ” дар баробари муовини вазири умури дохилии Афғонистон аз ниҳодҳои амниятӣ ва раҳбарони ҳукумати Афғонистон шадидан интиқод карда буд.

“Масъулин ё бояд марги муш мехӯрданд ё истеъфо мекарданд. Аксари масъулини ҳукуматӣ бо теруристҳо шарик ҳастанд. Мардум бояд ин ҳукуматро сарнагун кунад”, — гуфта буд вай дар ин барнома.

Гуфта мешавад, ки Амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Саъидиро пас аз ин суханронӣ боздошт кардааст. Вале то кунун ҳеч мақоми амниятӣ ин хабарро таъйид накардааст.

Мавзуъ

Вопасин ҳушдори Атомуҳаммад Нур ба Ҳукумати Афғонистон
Инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон
Ашраф Ғанӣ: Артиши Афғонистон бе ёриҳои Амрико 6 моҳ ҳам намепояд
Барчаспҳо:
Амнияти миллии Афғонистон, Аҳмад Саъидӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ