Огоҳии раисҷумҳур ба нахуствазир: аз симат барканор мекунам

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПрезидентский дворец Огузхан в Ашхабаде, архивное фото
Президентский дворец Огузхан в Ашхабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бердимуҳаммедов гуфт, пештар чанд маротиба ба нахуствазир огоҳӣ дода буд, ки хадамотҳои барқиро ба зимистон омода кунад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба нахуствазири кишвар Дадобой Амонбердиев барои қатъи барқ дар кишвар танбеҳи ҷиддӣ  дод.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркманистон, мушкилии барқрасонӣ ягона камбудии нахуствазир набуда, балки дар соҳаи бехатарии сохтмон низ Амонбердиев ба камбудиҳо ҷой додааст.

Нахуствазир дар Ҳукумати Турманистон соҳаҳои барқ, сохтмон ва хизматрасонии камуналиро роҳбарӣ мекунад.

Раисҷумҳур ҳангоми имзои танбеҳ ба нахуствазир гуфт, пештар низ чанд маротиба ба Дадабой Амонбердиев фармуда буд, ки хадамоти барқиро ба зимистон омода кунад.

Бердимуҳаммедов дар анҷом огоҳӣ дод, ки ин бори охир аст, ки камбудиҳои нахуствазирро мебахшад, дар ҳолати такрор шудани ин мушкилиҳо нахуствазирро аз симаташ барканор хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0