Тошканд дар бораи дастовардҳои ҳамкорӣ бо Душанбе: шигифтангез!

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон бо коршиносони Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистон гурӯҳҳои байниҳукуматӣ созмон додааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов, раиси Идораи равобити байналмилалии ВУД Узбакистон гуфтааст, Вазорати умури дохилаи кишвар дар созмон додани гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ бо идораҳои вижаи хориҷӣ амалҳои назаррас анҷом дода истодааст.

"Ҳоло мо бо коршиносони Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон гурӯҳҳои байниҳукуматӣ созмон додаем. Натиҷаҳои он шигифтангезанд", — гуфтааст Ғиёсов.

Аз ҷумла, раиси идора гуфтааст, ВУД дар натиҷаи ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ва Узбакистон ҷиноякори махсусан хавнокеро дастгир кардааст, ки дар куштори чор узви якхонавода, аз ҷумла ду кӯдак дар вилояти Андиҷон муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Ғиёсов, ҳоло ВУД Узбакистон ба нақша гирифтааст, ки бо Корея, Ҷопон, Исроил, Қирғизистон ва Туркманистон низ гурӯҳҳои вижа ташкил кунад.

"Мо ба нақша гирфитаем, ки ба чанд кишвар, аз қабили Корея, Ҷопон ва Исроил коршиносони худро равон кунем ва пас аз омӯхтани таҷрибаи онҳо дар идораҳои худ навоварӣ ворид кунем",- гуфт вай.

Ёдрас мешавем, дар моҳи апрели соли 2017 раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барномаи ислоҳотии Вазорати умури дохилаи Узбакистонро ба тавсиб расонид.

Аз ҷумла пас аз ин қарори Мирзиёев, дар ВУД Узбакистон, дар пойгоҳи шуъбаи равобити байналмилалӣ ва шуъбаи ҳифзи ҳуқууқи инсон Раёсати муносибатҳои байналмиллалӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар моҳи августи моли гузашта, Мирзиёев қарореро ба имзо расонд, ки мувофиқи он дар Академияи МВД Узбакистон Маркази забонҳои хориҷӣ ташкил карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0