Раисҷумҳур раҳбари Хадамоти гумрукро барканор кард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари нави Хадамоти гумруки Узбакистон Муродҷон Азимов, муовини пешини Додситонии кулли кишвар таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев раиси Хадамоти гумруки Узбакистон, Муидҷон Тоҳирро аз вазифа барканор кард. Дар ин бора оҷонсии Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

"Муидҷон Ваҳҳобович Тоҳирӣ аз вазифаи сардори Хадамоти гумрук барканор шуд. Дар ин бора қарори раисҷумҳур ба тасвиб расидааст", — хабар медиҳад оҷонсӣ бо такя ба мусоҳиб.

Ба гуфти мусоҳиб сардори нави Хадамоти гумруки Узбакистон Муродҷон Азимов, муовини пешиини Додситонии кулли Узбакистон таъйин шудааст.

Тоҳирӣ дар вазифаи сардори Хадамоти гумрук аз моҳи декабри соли 2016 фаъолият кардаааст. Аз соли 2013 ӯ раҳбари Хадамоти амнияти раисҷумҳури аввалини Узбакистон Ислом Каримов будаасту пештар мушовири раисҷумҳур ва муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ будааст.

Авохири моҳи январ Мирзиёев раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятовро, ки 23 сол боз дар ин симат буд, аз вазифа барканор кард. Ба ҷои ӯ Ихтиёр Абдуллоев, ки пештар вазифаи додситони куллро бар дӯш дошт, таъйин шуд. Иноятов мушовири раисҷмҳур ва сенатор интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0