02:21 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, акс аз бойгшонӣ

Жээнбеков гуфт, ки кай масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд

© Сайт президента Кыргызской Республики
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфт, ки бо Тоҷикистон гуфтушунидҳо дар масъалаи марзӣ бо муваффақият баргузор шуданд, ки заминае барои ҳал шудани мушкилиҳои сарҳад хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳори умедворӣ кард, ки дар фурсати наздиктарин кишвараш масъалаҳои марзиро бо ҳама ҳамсоягон ҳал мекунад.

Қирғизситон садҳои минтақаҳои баҳснок дар марз бо Тоҷикистон ва Узбакистон дорад.

"Бо Узбакистон дар масъалаи марзӣ гуфтушунидҳо идома дорад. Бо Тоҷикистон бошад гуфтушунидҳо бо маваффақият ба анҷом расиданд, ки заминае барои ҳалли мушкилиҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, хусусан дар масъалаи марзӣ хоҳад шуд. Сарҳад барои дӯстии халқҳо бояд асосе бошад, на воситаи ҷанҷол",- мегӯяд раисҷумҳур.

Вай афзуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ масоли сарҳадӣ танҳо ба воситаи гуфтушунидҳо ҳалли худро ёфтааст.

"Мо мақсад гузоштаем, ки дар солҳои наздик мушкилии сарҳадиро пурра бартараф созем",- мегӯяд президенти Қирғизистон.

Қирғизистон дар сарҳад бо Узбакистон 20 минтақаи сарҳадии баҳснок дорад, ки ин ҳудудҳо барои ҳар ду кишвар ҳам аҳамияти калон дорад.  70 минтақаи сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим ношуда, боқӣ мемонад.

Барчаспҳо:
баҳс, гуфтушунид, марз, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ