11:35 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Тошканд, акс аз бойгонӣ

Дар Тошканд Хонаи савдои Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Александр Поляков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Дар маросими ифтитоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи Ӯзбекистон ва дигар табақаҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд  бо иқдоми ҶДММ  "Ғаюр" "Хонаи савдои Тоҷикистон" ифтитоҳ гардид. Дар маросими он  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон  Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи Узбакистон ва дигар табақаҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок карда, сухан гуфтанд.

Дар Хонаи савдо ҳоло асосан маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" ба фурӯш гузошта шудаанд.  Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои гурӯҳи  "Ғаюр" яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони семент на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои мазкур ба кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, назири Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содирот мегардад.

Дар радифи истеҳсоли семент корхонаҳои гурӯҳи "Ғаюр" инчунин варақаҳои гаҷкартон, армстрон, профилҳои оҳанӣ, оҳаки сохтмонӣ, гаҷи сохтмонӣ, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти бетонӣ ва ғайра истеҳсол менамоянд.

ҶДММ "Ғаюр" нақша дорад, ки дар оянда Хонаи Савдои Тоҷикистонро дар  Қирғизистон ва Афғонистон низ ифтитоҳ намуда,  иқтидори содиротии мамлакатро тақвият бахшад ва  барои  беҳтар гардонидани тавозуни савдои хориҷӣ заминаи воқеӣ фароҳам орад.

Барчаспҳо:
семент, Хонаи савдо, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ