13:55 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Шиносномаи русӣ, акс аз бойгонӣ

Путин ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандӣ дод

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1183 0 0

Мувофиқи фармони имзокардаи раисҷумҳур, ин нафарон пас аз ёд кардани савганд шаҳванди комили Русия эълон карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он 89 шаҳрванди хориҷа соҳиби шаҳрвандии Русия хоҳанд шуд. Ҳуҷҷати мазкур дар вебгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ мунташир шудааст.

Мувофиқи ин ҳуҷҷат як баскетболбози машҳури амрикоӣ Джамирре Фолкнер шаҳрвандии Русияро гирифт.

Афзун бар ин, 13 зодаи Русия, 7 — Арманистон, 7 — Афғонистон, 3 — Озорбойҷон, 5 — Тоҷикистон, 18 — Украина, 15 — Узбакистон, 6 — Молдова, 4 — Ветнам ва 2 шаҳрванди Сурия соҳиби шаҳрвандии Русия хоҳанд шуд.

Мувофиқи фармони имзокардаи раисҷумҳур, ин нафарон пас аз ёд кардани савганд шаҳванди комили Русия эълон карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, моҳи декабр дар шаҳри Душанбе маросими савгандёдкуниии сокинони Тоҷикистон баргузор гардид, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Нафаре, ки савганд мехӯрад, нахуст бо овози баланд матни савгандро хонда пасон рӯи коғазе ному насаб ва рӯзу моҳу солро қайд мекунанд.

Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, Владимир Путин, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ