Қирғизистонро заминларза такон дод

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази заминҷунбӣ дар умқи 10 километр ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ҳудуди Қирғизистон рӯзи якшанбе соати 05:05 ба вақти Остона (04:05 ба вақти Душанбе) заминҷунбӣ рух дод.

Ба иттилоъи Созмони зилзидашиносии Қазоқистон замин бо қувваи 4,9 балл ҷумбидааст.

Маркази заминҷунбӣ 477 километр ҷанубу ғарбтар аз Алмаато ҷойгир будааст.

Гуфта мешавад, ки ин заминларза рӯзи якшанбе рух додааст.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 31-уми январ дар Тоҷикистон заминларза рух дод.

Маркази заминларза 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир будааст.

Қувваи заминларза дар марказ 5-6 балл будааст. Дар шаҳри Душанбе 3-4, дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4-5 ва дар минтақаи Рашт 3 баллро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0