09:09 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Зиндон. акс аз бойгонӣ

Рӯзноманигор дар Узбакистон пас аз 19 сол аз зиндон баромад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Юсуф Рузимуродов, хабарнигори пешини рӯзномаи "Эрк" 19 сол бо айби фаъолияти зиддидавлатӣ дар зиндон буд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Пас аз солҳои зиёди зиндонӣ будан, хабарнигори пешини Узбакистон, Юсуф Рузимуродов ба озодӣ баромад. Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Юсуф Рузимуродов, хабарнигори пешини рӯзномаи "Эрк" 19 соли умрашро бо айби фаъолияти зиддидавлатӣ дар зиндон сипарӣ кард.

Хешовандони рӯзноманигор озодшавии ӯро тасдиқ карданд.

"Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон имрӯз тасдиқ кард, ки рӯзноманигори узбак, ки солҳо паси панҷара буд, авохири моҳи феврал аз маҳбас озод шуд. CPJ ҳукумати кишварро даъват кард, ки барои беҳтар кардани фазои расонавӣ дар Узбакистон корҳое анҷом шавад ва иттиҳоми ду рӯзноманигори мустақил, ки имрӯз, 5 март бояд дар додгоҳ баррасӣ шаванд, бардошта шавад",-омадааст дар изҳороти Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ).

Намояндаи ОБСЕ оид ба озодии расонаҳо, Гарлем Дезир аз озод шудани Рузимуродов истиқбол кардааст.

"Ман бисёр шодам, ки Юсуф Рузимуродов тақрибан пас аз ду даҳсола аз маҳбас озод шуд", — гуфтааст Дезир.

Рузимуродов бо хоҳиши Узбакистон 15 марти соли 1999 дар шаҳри Киев боздошт шуд.

Дар Узбакистон ӯро ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд. Соли 2014 муҳлати зиндони ӯро се соли дигар тамдид карданд.

Барчаспҳо:
озодшавии рӯзноманигор, Юсуф Рузимуродов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ