Раҳмон ва Мирзиёев шахсан гузаргоҳи роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” вилояти Сурхондарёи Узбакистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.  Рӯзи гузашта кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулотиУзбакистон иштирок карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, намоишгоҳ аз ҷониби Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи узбакистонӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳамин ҷо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг"-ро ифтитоҳ намуданд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: дар муносибати Тоҷикистону Узбакистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз шуд

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг" тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон инъикос гардид.

Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг" вилояти Сурхондарёи  Узбакистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Боз шудани гузаргоҳ ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику узбак, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад. 

Дар баробари ин айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 млн. тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

Лентаи хабарҳо
0